Ихтироъ ба соҳаи тиб ва фармокология дахл до-шта, ҳамчун барқароркунандаи сафедпӯстӣ ҳан-гоми бемории «Витилиго» истифода бурда меша-вад.
Ба 1,5 литр маҳлули обу спирти 50-60%-а 100 гр алафи ишимро илова намуда, 10 шабонарӯз дар ҷои торик нигоҳ медоранд. Сипас, маҳлули тайёрро полида мегиранд, ки он ранги хокистарии сабзранг дорад.
МАҲЛУЛИ «ВИТИШ» БА СИФАТИ ДОРУИ ГИПЕРПИГМЕНТКУНАНДА ҲАНГОМИ САФЕДПӮСТӢ (ВИТИЛИГО).
(51) МПК: А61К 36/232; А 61 Р 17/00
Сведения о документе ▾
- (11) Номер документа
- 403
- (13) Код типа документа
- PP
- (51) МПК
- А61К 36/232; А 61 Р 17/00
- (45) Дата публикации
- 30.03.2010
- Статус
- Прекратил действие
Заявка ▾
- (21) Рег. номер заявки
- 1000516
- (22) Дата подачи заявки
- 30.09.2010
Лица ▾
- (71) Заявитель(и)
- Раззоқов Х.О. (TJ).
- (72) Автор(ы)
- Раззоқов Х.О. (TJ).
- (73) Патентообладатель(и)
- Раззоқов Х.О. (TJ).
Реферат
Формула изобретения
Маҳлул, ки аз обу спирти этил иборат аст, бо он фарқ мекунад, ки иловагӣ алафи ишимро бо таносуби зерини таркибдиҳандаҳои вазн % до-рост:
Алафи ишим 6,25
Маҳлули 55-60%-аи спирти этил 93,75
Алафи ишим 6,25
Маҳлули 55-60%-аи спирти этил 93,75
Описание
Ихтироъ ба соҳаи тиб ва фармокология дахл дошта, ҳамчун барқароркунандаи сафедпӯстӣ ҳангоми бемории «Витилиго» истифода бурда мешавад. Бемории «Витилиго» - сафедшавии пӯст аз замонҳои қадим маълум мебошад ва қариб дар байни аҳолии кураи замин аз 3 то 5% -и бемориҳои пӯстро ташкил медиҳад. Дар замони ҳозира бемории сафедпустӣ, яъне «Витилиго» яке аз бемориҳои асосӣ ва ҳалталаб ҳисобида мешавад. Дар таърихи тиб бисёр мисолҳо оиди истифодаи маҳлулҳои спиртии гуногун ҷой дорад, ки барои муолиҷаи бемории «Витилиго» истифода меша-ванд.
Махдули ҳаммонанди ихтирои пешниҳодкардашуда ин махдули 0,1% -аи псорален мебошад, ки аз тухму решаи растании псоралеяи костянкова (Psoralea drupacea Bge) ва спирти 70 %-а тайёр карда шудааст. Дар таркибаш маводҳои фурокумаринӣ - псорален ва изопсорален ҷой доранд, ки барои табобати сафедпустӣ васеъ истифода бурда мешаванд. Хусусияти манфии ин мавод дар он аст, ки пас аз таъсири нурҳои ултрабунафш дар пӯст обилаҳо пайдо мешаванд, ки ҳолати беморро вазнин мегардонанд. Инчунин, курси табобатӣ муддати дароз, аз 3-3,5 моҳ бо фосилаи такрории 1-1,5 моҳ, то 2-3 маротибаро дорад [1,2].
Маводи дигари амсоли ин бероксан мебошад. Мавод дар таркибаш омехтаи ду фурокумарин - ксантотоксин ва бергаптин дорад, ки аз меваи растании пастернак (Pastinaca sativa L.) ҷудо кар-да шудаанд. Синонимҳояш: Пувален, Ammoidin, Meladinin, Meloxine, Methoxsalen, Methoxypsoralen, Methoxysalen, Methoxin, Oxso-ralen ва Xanthotoxin. Ҳангоми ҳиссиётнокии зиёди пӯст ба таъсири маҳлули 0,5%-аи бероксан онро бо спирти этилии 70%-а дар таносуби 1:3, 1:4 ва ғайря якҷоя истифода менамоянд. Камбудии мавод дар он аст, ки ҳангоми истифодаи он ва қабули зиёди нурҳои ултрабунафш ё чароғи симобу квартсӣ дар пӯст обилаҳои гуногунандозаи дардманд пайдо мешаванд. Ин ҳолати беморро вазнин месозад ва ба маркази системаи асаби ӯ таъсири манфӣ мерасонад [3].
Пешнамунаи (прототипи) ихтироъ ин махдули 0,1%-аи спиртии псорабен мебошад. Мавод дар таркибаш фурокумаринҳои псорален ва бергаптен дорад, ки аз баргҳои анҷир (Fious carica L.) ҳосил карда шудаанд. Хусусиятҳои манфии мавод ҳамчун хусусиятҳои маводи бероксан ҳангоми истифодабарӣ мебошад. [4].
Мақсади ихтироъ ин васеъкунии фоиданокии пурсамари маводҳо ҳангоми муолиҷаи беморихои сафедпустӣ, резиши муй ва надоштани таъсири дуюмдараҷа (ғайриасосӣ) хангоми кабули нурҳои ултрабунафш ва чароғи симобу квартсӣ мебошад. Бартарии дигари мавод дар он аст, ки барои табобати ҷузъй (местный) истифода бурда мешавад.
Махдули «Витиш» дар таркибаш микдори зиёди маводҳои кумаринӣ ва оксикумаринӣ дорад, ки барои ин беморӣ мусоидат менамояд. Ин маҳлул аз алафи ишим (дудник-Angelica) ва обу спирт тайёр карда шудааст. Дар таркиби ин алаф маводҳои зиёди фурокумаринӣ, равгани эфир ва кератин ҷойдоранд [5,6].
Маҳлули обу спиртии «Витиш» бо таври зерин тайёр карда мешавад.
Ба спирти этилии 96%-а миқдори муайяни оби соф кардашударо (дистилированная) якҷоя намуда то ба консетратсияи 50-60% мерасонанд.
Баъд ба ин маҳлул алафи дар соя хушккардашудаю майданамудаи ишимро илова мекунанд, аралаш намуда 10 шабонарӯз дар ҷои торик нигох медоранд.
Пас аз гузаштани 10 рӯз маҳлули тайёр полида мешавад, ки ранги хокистарии сабзрангро мегирад. Микдори таркибдиҳандаҳо дар маҳлул чунинанд: алафи ишим - 6,25%, маҳлули 50-60%-и спирти этил - 93,75%.
Таҷриба. Ба 1,5 литр маҳлули 50-60%-аи спирти этил 100 гр алафи дар соя хушккардашудаи ишимро майда намуда илова мекунанд, аралаш намуда 10 шабонарӯз дар ҷои торик нигоҳ медоранд.
Таъсири фоиданокии ин мавод дар 36 нафар (19 нафар мард ва 17 нафар зан) беморони мубталои сафедпӯстӣ (дар пӯсти ҷойҳои гуногуни ба-дан) санҷида шуд, ки натиҷаи мусбӣ нишон дод (ҳангоми 1-3 маротиба молидан ва қабули нурҳои ултрабунафш).
Масалан, дар бемор Сафарова Л., с.т. 1967, ки муддати 3-4 сол боз аз ин беморӣ азият мекашид, истифода бурда шуд. Дар як рӯз 2-3 мароти-ба ба ҷойҳои сафедшуда, ки дар қисми пӯсти атрофи даҳон ҷой дошт, «Витиш»-ро молида 1 маротиба нурҳои ултрабунафшро қабул намуд. Дар 25-26 -ум рӯзи табобат ҷои пӯсти сафед сурхӣ пайдо карду дар 40-45-ум рӯз дар пӯст пурра доғи сиёҳтоб пайдо шуд, ки баъдтар ҳолати пӯсти муқаррарии беморро гирифт. Хулоса, маҳлули обию спиртии «Витиш» ба бемории сафедпӯстӣ - «Витилиго» таъсири табобатии хуб расонида, пас аз қабули нурҳои ултрабунафш ягон таъсири ғайриасосӣ (дуюмдараҷа) намерасонад, яъне дар пӯст обилаҳои дардманд пайдо намешаванд.

(56) Документы, цитированные в отчёте
1. Кузнецова Г.А. Кумаринҳо ва фурокумаринҳои табиӣ. Л.: Наука, 1967, сад. 247.
2. Потапенко А.Я., Бутов Ю.С., Левинзон Е.С. ва диг. Реаксияҳои фотооксидкунандаи псораленҳо ва нақши онҳо ҳангоми муолиҷаи дерматозҳо // Вести. Акад.илм. тиб.Рос. 1999, №2, саҳ. 32-38.
3. Маълумотномаи косметикаи тиббӣ, М.: 1975 с.
4. Маводҳои доругӣ. М.Д.Машковский. Тош-кент. Нашриёти адабиёти тиббии ба номи Абу Алӣ ибни Сино, 1998, ҷ- 2, саҳ. 223-225.
5. Растаниҳои доругӣ. Нуралиев Ю.Н. Душанбе, Ирфон, 1989 с.
6. Растаниҳои доругии Тоҷикистон. Мақсуд Ҳоҷиметов.

📎 Прикреплённые файлы
-
М.пат. 403.pdf⬇ Скачать